Лоиҳа

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРЇ»

 

Конуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии воситаҳои ахбори омма, кафолати давлатии озодии онњоро муќаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онњоро танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ

 

Моддаи 1. Мафњумњои асосї

Дар Ќонуни мазкур мафњумњои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

— агентињои иттилоотї – шахсони њуќуќии тибќи тартиби муќарарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон баќайдгирифташудае мебошанд, ки бањри љамъоварї, коркард, тањия ва интишори иттилоот фаъолият доранд.

— аккредитатсия – эътирофи расмии салоњияти касбии журналист дар маќомоти давлатї ё ташкилотњо.

— аќида – фикр, бањодињї, назар ва андешаи инсон буда, муносибати ўро ба зуњурот, раванд ва ё шахсият ифода мекунад ва дар он хулосаи тасдиќкунанда оид ба факту раќамњо, ки метавонад тасдиќ ва ё рад шавад, вуљуд надорад;

— ахбори омма – хабарњо ва маводи чопї, садоию симої ва дигар хабару маводе, ки барои доираи номањдуди одамон пешбинї гардида, дорои маълумот дар бораи шањрвандон, ашё, далелњо, воќеањо, падидањо, равандњо ва инчунин аќидањо дар бораи онњо мебошанд;

— воситањои ахбори омма —  рўзномањо, њафтаномањо, маљаллањо, гоњномањо, бюллетенњо ва дигар нашрияњои даврї, ки барои интишор пешбинї шудаанд, њамчунин агентињои иттилоотї, барномањои телевизиону радио, кинохроникањо, сабтњо ва барномањои аудио ва аудиовизуалї мебошанд, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел пањн мешаванд;

— воситањои ахбори оммаи даврии чопї –  рўзномањо, њафтаномањо, маҷаллањо, гоњномањо, бюллетенњо ва дигар шаклњои интишоршавандаи чопии иттилооти оммавї, ки номи доимию раќами љорї доранд ва соле на камтар аз як маротиба нашр мешаванд;

— журналист —  шахси воќеиест, ки ба љамъоварї, тањрир ва омода намудани ахбору маводњо барои редаксияи воситањои ахбори омма машѓул буда, бо ин редаксия тавассути шартномаи (ќарордоди) мењнатї ё дигар муносибатњои шартномавї алоќаманд аст ва аз рўи ваколати ба ў додашуда фаъолият менамояд ва ё узви иттињодияњои касбии журналистон мебошад;

— иттилоот – маълумот дар бораи шахс, ашё, рўйдод, воќеа, њодиса, падида ва равандњо, сарфи назар аз шакли пешнињоди онњо;

— иттилооти оммавї – иттилоотест, ки барои доираи васеи истифодабарандагон ва истеъмолгарон тавассути воситањои чопї, аудиої ва видеої пањн мегардад;

— матбаа – шахси воќеї ё њуќуќие, ки рўзномањо, њафтаномањо, маљаллањо, гоњномањо, бюллетенњо ва маводи дигарро чоп менамояд;

— муассис – шахси воќеї ва њуќуќие, ки воситаи ахбори оммаро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд;

— ношир – шахси воќеї ё њуќуќие, ки интишори нашрияи даврии чопиро амалї мегардонад, аз љумла масоили ташкилї, молиявию техникї, технологї ва дигар таъминоти интишори онро ба ўњда дорад;

— пањнкунандаи воситаи ахбори омма – шахси воќеї ва њуќуќие, ки дар асоси шартнома бо редаксияи воситаи ахбори омма, ношир ва ё бо дигар асосњои пешбининамудаи ќонун мањсули воситаи ахбори оммаро пањн менамояд;

редаксияи воситањои ахбори омма – шахсони воќеї ва њуќуќї ё ташкилотњои онњо, ки истењсол ва нашри воситаи ахбори оммаро амалї мегардонанд;

— раддия – аксуламали хаттии шањрвандест, ки дар нисбати маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш, ки дар воситањои ахбори омма нашр шудааст, нишон медињад;

— сармуњаррир (муњаррир) – шахсе, ки воситаи ахбори оммаро новобаста аз шакли ташкилию њуќуќї роњбарї менамояд ва (ё) нисбат ба истењсолу нашри воситаи ахбори омма ќарори нињої ќабул мекунад;

— сензура – аз љониби шахси мансабдори маќоми давлатї, шахси њуќуќї, иттињодияи љамъиятї ва ё шањрванди алоњида аз воситаи ахбори омма талаб намудани мувофиќаи пешакии мавод ё маълумоти интишоршаванда;

— љавоб – вокуниши хаттии шањрвандест, ки дар нисбати маълумоти халалдоркунандаи њуќуќ ва манфиатњои ќонунан њифзшавандааш, ки дар воситањои ахбори омма нашр шудааст, нишон медињад;

 

Моддаи 2. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи

         воситањои ахбори омма

Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи воситањои ахбори омма ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон асос ёфта, аз Ќонуни мазкур, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Озодии воситаҳои ахбори омма

1. Воситаҳои ахбори омма дар Тоxикистон озоданд.

2. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онро дар воситаҳои ахбори омма дорад.

3. Поймол кардани озодии матбуот аз љониби шањрвандон, шахсони мансабдори маќомоти давлатї, тиљоратї, сиёсї, љамъиятї дар њар шакл, аз љумла дар шакли дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ѓайриќонунї боздоштан ва ё ќатъ намудани фаъолияти васитаи ахбори омма, тибќи ќонунгузорї боиси љавобгарї мегардад.  

4. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.

5. Дар Љумњурии Тољикистон ба инњисори матбуоти даврї ва дигар воситањои ахбори омма роњ дода намешавад.

 

Моддаи 4. Забони воситаҳои ахбори омма

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма фаъолияти худро тибқи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 5. Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

Давлат риояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии воситањои ахбори оммаро таъмин менамояд. Дастгирии давлатии воситањои ахбори омма ба таври маблаѓгузории маќсаднок, кўмаки молиявї ва дигар намудњои дастгирии давлатї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

 

Моддаи 6. Роҳ надодан ба сўиистифода аз озодии сухан

1. Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстримистӣ, хусумати иxтимоӣ, халадор кардани тамомият ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин фаҳшу фуҷурро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.

2. Интишори маводҳои таҳқиқ ва ё тафтишоти пешакӣ бе иҷозати хаттии прокурор, муфаттиш ё таҳқиқгар, пешакӣ ошкор кардани натиҷаҳои парвандаи мушаххас то қабули қарори суд ва қувваи қонунӣ пайдо кардани қарори он бе иљозати хатии суд (судя)  манъ аст.

3. Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИСЁБӢ ВА ТАШКИЛИ

 ФАЪОЛИЯТИ ВОСИТАЊОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори омма

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиrи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд.

2. Инњо ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд:

шахсони ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида ва шахсоне, ки бо қарори суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудааст;

— ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст;

— шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

— шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи (фонди) оинномавии онҳо сармоягузории хориҷӣ зиёда аз 25 фоизро ташкил медиҳад.

 

Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма

1. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма шартномаи таъсисӣ ва оинномаи он мебошад. Ҳуҷҷати таъсисии воситаи ахбори омма, ки аз ҷониби як шахси ҳуқуқӣ ё шахси воқеӣ таъсис дода шудааст, оиннома мебошад.

2. Шартномаи таъсисӣ байни якчанд муассис баста мешавад.

3. Дар шартномаи таъсисӣ инњо муайян карда мешавад:

насаб, ном, номи падар ва макони ҷойгиршавии (макони зисти) муассисон;

— намуд, ном, забон, мақсад, ихтисос ва даврияти воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

— шакли ташкилию ҳуқуқии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

— андоза ва тартиби ташаккулёбии сармояи оинномавии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

— манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

— тартиби тақсимоти фоида ва љуброни зарар;

— тартиби мавқуфгузорӣ ва қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма;

— дигар шартҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.

4. Оинномаи воситаи ахбори омма аз тарафи муассиси (муассисони) он тасдиқ карда мешавад. Дар оиннома муайян карда мешавад:

— намуд, ном, забон, маrсад, ихтисос, даврият ва ҳаҷми воситаи ахбори омма;

— суроғаи ҳуқуқии (макони ҷойгиршавии) редаксияи воситаи ахбори омма;

— ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма;

— манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори омма;

— тартиби ташкили мақомоти идоракунии воситаи ахбори омма;

— тартиби тақсимоти фоида ва љуброни зарар;

— асосҳо ва тартиби мавқуфгузорӣ ё қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма;

— тартиби азнавташкилёбӣ ва барҳамдиҳии воситаи ахбори омма;

— тартиби қабули оиннома ва ворид намудани тағйирот ба он;

— дигар муқаррароте, ки қонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинӣ кардааст.

6. Дар мавриди сохтори тобеи шахси ҳуқуқӣ будани воситаҳои ахбори омма, фаъолияти онњо тибқи низомномае, ки аз ҷониби мақоми олии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

5. Дар ҳолатҳои барҳамдиҳии шахси ҳуқуқие, ки муассиси воситаҳои ахбори омма мебошад, фаъолияти воситаҳои ахбори омма қатъ карда мешавад.

 

Моддаи 9. Мақомоти идоракунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма

1. Мақоми олии идоракунии воситаҳои ахбори омма муассиси он мебошад. Дар баробари ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муассисӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, муассиси воситаҳои ахбори омма вазифадор аст:

— редаксияи воситањои ахбори оммаро ташкил диҳад;

— барнома ва самти асосии фаъолиятро муайян кунад;

— бо редаксияи воситањои ахбори омма шартнома бандад;

интишори воситаи ахбори оммаро таъмин кунад;

— риояи қонунгузорӣ дар бораи воситаи ахбори оммаро таъмин кунад;

— вобаста ба ҳама гуна тағйироти оинномавӣ ва ташкили фаъолияти воситаи ахбори омма ва редаксияи воситањои ахбори омма ба мақомоти ваколатдори давлатии бақайдгирии давлатии шахси хуқуқӣ ва баҳисобгирии воситањои ахбори омма сари вақт хабарнома пешниҳод карда, дар барасмиятдарории тағйирот чораҳо андешад.

2. Дар шартномаи байни муассис ва редаксияи воситањои ахбори омма басташаванда инњо муайян карда мешаванд:

— ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма;

— шартҳои омодасозӣ ва интишори воситаи ахбори омма;

— тартиби маблағгузории фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма;

— тартиби муҳайёсозии шароити меҳнатии истеҳсолӣ ва маишию-иxтимоии кормандони редаксияи воситаи ахбори омма;

— тартиби муносибати тарафайн бо шахсони сеюми ба фаъолияти редаксияи воситањои ахбори омма ҷалбшаванда;

— ӯҳдадории тарафҳо;

— дигар шартҳое, ки қонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинӣ кардааст.

3. Редаксияи воситаи ахбори омма дар асоси оиннома амал мекунад. Редаксияи воситаи ахбори омма метавонад муассиси воситаҳои ахбори омма бошад. Фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма дар асосҳои мустақилияти касбӣ ба роҳ монда мешавад.

4. Сармуҳаррир (муњаррир) роҳбарии редаксияи воситаи ахбори оммаро ба ӯҳда дорад. Сармуҳаррир (муњаррир) бо қарори муассиси воситаҳои ахбори омма ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сармуҳарир (муњаррир) аз номи редаксияи воситаи ахбори омма бо муассис шартнома мебандад. Сармуҳаррир (муњаррир) дар асоси муқаррароти ҳамин Қонун, оиннома ва шартномаи байни муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма басташуда амал мекунад.

5. Ҳайати таҳририя мувофиrи тартиби пешбининамудаи оинномаи воситаи ахбори омма ташкил карда мешавад. Сармуҳаррир (муњаррир) раиси ҳайати таҳририя мебошад.

6. Муассис, инчунин нашриёт ё дигар шахси ҳуқуқие, ки воситаи ахбори оммаро бо маводи моддию техникӣ таъмин мекунад, ношири он буда метавонад.

 

Моддаи 10. Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

1. Воситаи ахбори омма ва ё редаксияи он мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

2. Мақсади бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гаштани фаъолияти онҳо, инчунин ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соњибкорони инфиродї ворид намудани маълумот дар бораи онҳо мебошад.

3. Баrайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бақайдгирии шахсони ҳуқуқиро амалӣ мегардонад, сурат мегирад.

4. Барњамдињии воситањои ахбори омма мутобиќи тартиби муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 11. Баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма

1. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма сурат мегирад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма ва тартиби баҳисобгирии воситаҳои ахбори оммаро муайян ва низомномаи фаъолияти онро тасдиқ мекунад.

2. Баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии воситаҳои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва ҳифзи манфиатҳои воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.

3. Мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма дастгирии давлатии воситаҳои ахбори оммаро, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуrӣ, амалӣ мегардонад.

4. Ариза барои баҳисобгирии (аз нав баҳисобгирии) воситаҳои ахбори омма аз ҷониби муассис ё шахси ваколатдори муассис супорида шуда, дар муддати муқарраршуда баррасӣ мегардад ва барои баҳисобгирии (аз нав баҳисобгирии) воситаҳои ахбори омма хироҷи давлатӣ ба андозаи муқарраршуда ситонда мешавад.

5. Дар ариза дар бораи баҳисобгирии (аз нав баҳисобгирии) воситаҳои ахбори омма бояд нишон дода шавад:

— маълумот дар бораи муассис;

— ном, забон (забонҳо) ва намуди воситаҳои ахбори омма;

— мақсад ва вазифаҳо;

— ихтисос;

— ҳудуди паҳншавӣ;

— даврият;

— манбаи маблағгузорӣ;

— макони ҷойгиршавии(суроғаи ҳуқуқии) воситаҳои ахбори омма ва редаксия;

— ҳаҷм;

— маълумот дар бораи он, ки муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма дар кадом воситаҳои ахбори оммавӣ муассис, мудири ваколатӣ, ношир, паҳнкунанда (бо нишон додани андозаи саҳми ҳар яки онҳо дар сармояи оинномавӣ) мебошанд.

6. Ба ариза дар бораи баҳисобгирии воситањои ахбори омма нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зерин ҳамроҳ карда мешаванд:

— шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

— иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ;

— шартномаи таъсисии воситаи ахбори омма;

— оинномаи воситаи ахбори омма.

7. Агар муассиси воситаҳои ахбори омма як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ бошад, ба ариза ҳамроҳ кардани шартномаи таъсисӣ талаб карда намешавад.

8. Риоя нагаштани талаботи моддаи мазкур боиси рад карда шудани ариза дар бораи баҳисобгирии воситаи ахбори омма мегардад.

9. Дар ҳолати пас аз баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма тағйир ёфтани маълумот ва ҳуҷҷатҳои дар ҳамин банд нишондодашуда, воситаҳои ахбори омма бояд мутобиқи тартиби муқарраршуда аз расмияти азнавбаҳисобгирӣ гузаранд. Дар ҳолатҳои дигар муассис ё редаксияи воситаи ахбори омма ӯҳдадор аст, ки дар муддати як моҳ мақоми давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори оммаро дар бораи тағйирот ба таври хаттӣ хабар диҳад.

10. Баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма бо Шаҳодатнома дар бораи баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма тасдиқ карда мешавад ва мӯҳлати он як сол аз лаҳзаи қабули қарор дар бораи баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма мебошад.

11. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма бе Шаҳодатнома дар бораи қайди баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма манъ аст.

 

Моддаи 12. Бе ќайди бањисобгирї пањн кардани

                          воситањои ахбори омма

1. Маќомоти давлатї њуќуќ дорад, ки њуљљатњои расмї ва бюллетенњои худро бе ќайди бањисобгирї интишор ва пањн намояд.

2. Ташкилотњои таълимї ва илмї њуќуќ доранд маводњои ахборї ва њуљљатњои барои фаъолияташон заруриро бе бањисобгирии давлатї интишор ва пањн намоянд. Ба њисоб гирифтани фаъолияти бо ёрии воситањои техникии чоп, аудио, аудиовизуалї тайёр (омода) кардани мавод, ки барои пањн намудан таъин нашудаанд, ё њамчун дастнавис нусхабардорї мешаванд, талаб карда намешавад.

3. Њангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха нашр гардидани мањсулоти чопї бањисобгирии давлатии воситањои ахбори омма талаб карда намешавад.

 

Моддаи 13. Муносибатҳои молумулкї ва молиявии муассис,

  ношир ва воситањои ахбори омма

Муносибатҳои молумулкї ва молиявии муассис, ношир ва воситањои ахбори омма мувофиқи қонунгузории Љумњурии Тољикистон ва шартномаи байни онњо муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 14. Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи моликияти зењнї

Воситаҳои ахбори омма ҳангоми истифодаи маводҳо бояд ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва меъёрҳои санадњои њуќуќии байналмилалї оид ба ҳуқуқи моликияти зењниро, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст риоя намоянд.

 

Моддаи 15. Маълумоти воситаи ахбори омма

1. Њар як шумораи воситаи ахбори омма бояд дорои маълумоти зерин бошад:

— номи воситаи ахбори омма;

номи муасис (муассисони) он;

— насаб, ном ва номи падари сармуњаррир (муњаррир);

— раќами тартибии шумора ва санаи ба табъ расидани нашрияи даврї, барои рўзнома — њамчунин рўзи ба нашр имзо шуданаш;

— индекс барои воситањои ахбори оммаи даврии  чопие, ки тавассути ташкилотњои алоќа пањн карда мешаванд;

— адади нашр;

— нарх (дар мавриди ба нархи тиҷоратї фурўхта шудани нашрия —  нархаш озод) ё худ бо нишони «нархаш озод» ё «ройгон»;

— нишонии воситаи ахбори омма, ношир, матбаа;

— раќами шањодатномаи бањисобгирии давлатї ва номи маќоме, ки онро додааст.

2. Ташкилотњои телевизион ва радиошунавонї њангоми оѓози њар як барнома ва дар мавриди муттасил намоиш додан ва шунавонидани барнома бояд њар шабонарўз камаш чор маротиба номи идораи телевизион ва радиоро эълон намояд.

 

 

Моддаи 16. Нусхањои ройгони назоратї ва њатмї

1. Нусхањои ройгони назоратї ва њатмии матбуоти даврие, ки дар Љумњурии Тоҷикистон ба ќайд гирифта шудаанд, баъди ба табъ расидан аз љониби ноширон, дар рўзи нашр шудан фавран ба вазорату идорањо, муассисањо ва ташкилотњои дахлдор фиристода мешаванд. Фењристи вазорату идорањо, муассисањо ва ташкилотњои љумњуриявиро, ки бояд нусхањои ройгони назоратї ва њатмии матбуоти давриро гиранд, Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

2. Нусхаҳои назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ќайди давлатї гирифта шуда, дар хориҷи кишвар нашр мешаванд, ҳамчунин ба вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор фиристода мешаванд.

 

Моддаи 17. Интишори воситаҳои ахбори омма

1. Мањсули воситаи ахбори оммаро бевосита редаксияи воситаи ахбори омма ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаи ќонунї ташкилотњои алоќа, њамчунин шањрвандон пањн мекунанд.

2. Бе нишон додани маълумоти воситањои ахбори омма пањн кардани мањсули воситаи ахбори омма манъ аст.

3. Мамониат ба интишори ќонунии воситаи ахбори омма, њамчунин пурра ё ќисман мусодира намудани он, агар оид ба он ќарори суд мављуд набошад, манъ аст.

4. Ташкилотњои интишоркунандаи нашрияи даврї њуќуќ надоранд, ки бо сабабњои мухолифати андешањои сиёсї аз пањн намудани он даст кашанд.

 

Моддаи 18. Нигоњ доштани нусхањои ахбори пањншуда

Ношир дастхатњо ва нусхањои ба табъ расидаро бояд баъди интишор на камтар аз як сол мањфуз дорад.

 

Моддаи 19. Њуќуќ ба навиштани љавоб

Шањрванд ва ё шахси њуќуќие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ў маълумоти бардурўѓ ва халалдоркунандаи њуќуќ ё манфиатњои ќонунан њифзшавандаашро нашр кардааст, њаќ дорад дар њамон воситаи ахбори омма љавоби худро (шарњ ё луќмаро) нашр кунад. Љавоб баъди ба редаксияи воситаи ахбори омма расидан на дертар аз шумораи навбатии воситаи ахбори омма нашр мешавад.

 

Моддаи 20. Њуќуќ ба раддия

Шањрванд ва ё шахси њуќуќие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ў маълумоти бардурўѓ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш пањн намудааст, њаќ дорад аз редаксияи воситаи ахбори омма нашри раддияро талаб намояд. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба њаќиќат мувофиќ будани маълумоти пањн намудааш далел надошта бошад,пас, вазифадор аст, ки дар худи њамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд. Агар шањрванд ва ё шахси њуќуќї матни раддияи худро пешнињод карда бошад, пас, дар мавриди ба талаботи ќонун мувофиќ будани манти он, дар воситаи ахбори омма нашр карда мешавад.

 

Моддаи 21. Асосњои рад кардани раддия

Дар мавридњои зерин редаксияи воситаи ахбори омма вазифадор аст, ки нашр намудани раддияро рад намояд:

агар дар матни раддия озодии сухан сўиистифода гардида бошад;

– агар раддия мухолифи ќарори ба ќувваи ќонунї даромадаи суд бошад;

агар он бе зикри насаб, ном, номи падар ва бе имзо бошад.

 

Моддаи 22. Баррасии ариза аз тарафи суд оид ба нашри

  раддия

Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани мўҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор њуќуќ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд.

 

Моддаи 23. Нашри ахбори расмӣ

1. Воситаҳои ахбори оммаеро, ки онњоро мақомоти давлатӣ таъсис додаанд, вазифадоранд ахбори расмии ин мақомотро нашр намоянд.

2. Воситаи ахбори омма вазифадор аст қарори судро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ё маќоми ваколатдори давлатиро  дар бораи дар ҳамон воситаи ахбори омма нашр кардани қарор, ройгон ва дар мўҳлати муқарраршуда нашр намояд.

 

 

 

БОБИ 3. МУНОСИБАТИ ВОСИТАЊОИ АХБОРИ ОММА

                            БО МАЌОМОТИ ДАВЛАТЇ, ТАШКИЛОТЊОИ                                     ЉАМЪИЯТЇ ВА ШАЊРВАНДОН

 

Моддаи 24. Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот

1. Њар кас њуќуќ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо иттилооти аниқ ба даст орад.

2. Воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.

3. Маќомоти давлатӣ, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омўзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мўҳлати то се рўзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз љониби маќомоти давлатї, ташкилотњо ва шахсони мансабдори онњо иттилооти таъљилї, ки ањамияти љамъиятї дошта, ба номгўи маълумоти дорои сирри давлатї  ва дигар маълумоте, ки бо Ќонун њифз карда мушавад, дохил нест ва омўзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешнињод карда мешавад.

4. Роњбарони маќомоти давлатї ва ташкилотњо вазифадоранд ба маводњои танќидї ва тањлилии вобаста ба фаъоляташон, ки омўзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мўњлати на бештар аз ду њафтаи баъди рўзи нашри (пахши) он ба воситаи ахбори оммаи дахлдор љавоб дињанд.

5. Дар њолати аз додани маълумот саркашї намудани роњбарони маќомоти давлатї ва ташкилотњо, намояндаи воситањои ахбори омма ба маќомоти болої ё тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба суд шикоят карда метавонад.

 

Моддаи 25. Радкунӣ ва таъхир дар пешнињоди иттилоот

1. Радкунии иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконнопазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 9 Қонуни мазкур нишондодашуда бошад. Хабарнома дар бораи радкунӣ ба воситаи ахбори омма дар муддати се рўзи баъди гирифтани иттилооти хаттии дархостшаванда супорида мешавад.

2. Таъхир дар додани иттилооти дархостшаванда имконпазир аст, агар пешнињоди маълумоти талабшаванда дар мўҳлати се рўз аз имкон берун бошад. Хабарнома оид ба таъхир ба дархосткунанда дар мўҳлати се рўз баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот бо нишон додани мўњлати додани иттилоот супорида мешавад.

3. Дар холати рад намудани пешнињоди иттилоот, воситаи ахбори омма  метавонад ба маќомоти болої, ё мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба суд мурољиат намояд.

 

Моддаи 26. Истифодаи эҷодиёт ва мактубҳои муаллифон

1. Воситаҳои ахбори омма эҷодиёти журналистон, адибон, санъаткорон ва олимонро бо риояи ҳуқуқи муаллифї истифода карда метавонанд.

2. Ҳеч кас ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ахбори оммаро ба нашри маводҳои радкардаи идора вазифадор намояд, агар қонунгузории Љумњурии Тољикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

3. Дар вақти нашри мактубҳои хонандагон ихтисор ва таҳрири матн равост, ба шарте, ки мазмуни мактуб таҳриф нашавад.

4. Нашри мавод аз дигар воситаҳои ахбори омма бо нишондоди ҳатмии манбаи он мумкин аст.

5. Дар ҳолати аз дигар воситаҳои ахбори омма гирифта нашр кардани маводҳо мазмун ва мундариҷаи он набояд таҳриф гардад.

 

Моддаи 27. Њолатњои махсуси фош накардани ахбор

Воситаҳои ахбори омма ва журналист ҳуқуқ надоранд:

насаб, ном ва номи падари шахсеро зикр намоянд, ки бо шарти ифшо нанамудани номаш ахбор додааст, ғайр аз мавридҳое, ки инро суд талаб кунад;

— ахбори тибќи ќарори суд фош шударо танњо бо маќсадњои дар ќарори суд зикршуда истифода бурдан мумкин аст;

— маълумоти тафтишоти пешакиро бе иљозати хаттии прокурор, муфаттиш ё шахсе, ки тафтиш мебарад, ошкор намоянд;

— дар ахборашон натиљаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рўи он њалнома ё њукм эътибори ќонунї пайдо накардааст, баён намоянд.

— бе розигии ноболиѓ ва намояндаи ќонунии вай хабареро интишор кунанд, ки боиси зикри шахсияти ноболиѓи ќонунвайронкунанда гардад;

БОБИ 4. ЊУЌУЌЊО, ЎЊДАДОРИЊО ВА

                      АККРЕДИТАТСИЯИ ЖУРНАЛИСТ

 

Моддаи 28. Њуќуќњои журналист

1. Журналист њуќуќ дорад:

— ахборро љустуљў, дастрас, тањрир  ва интишор намояд;

— вобаста ба иљрои вазифаи журналистї бо шахсони мансабдор ҳамсўњбат шавад;

— њама гуна далелро, аз љумла бо роњи истифодаи воситањои техникии аудиовизуалї, асбобњои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридњое, ки ќонун манъ кардааст;

— бо нишон додани шањодатномаи журналистї дар мањалњои махсус муњофизатшавандаи офатњои табиї, садама, мањалњои бетартибї ва љойњои љамъшавии шањрвандон, инчунин дар мањалњое, ки вазъи фавќулодда эълон шудааст, дар гирдињамої ва роњпаймоињо њузур дошта бошад;

— зимни санҷиши далелу њолатњои вобаста ба маводњои дастрасгардида ба мутахассисон мурољиат намояд;

— аз навиштани маводи хилофи эътиќодаш даст кашад;

— сањењияти ахбори дастраснамудаашро санљад;

— иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шартї (тахаллус) интишор намояд;

— барои ройгон дастрас намудани  иттилоот тавассути дархости журналистї вобаста ба иљро намудани вазифањои касбї ба њуљљатњои расмї дастрасї дошта бошад;

— аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри ў дар рафти тањрири редаксияи воситаи ахбори омма тањриф шудааст, номашро гирад;

— нигоњ доштани сирри муаллифиро пешакї гуфтугў кунад.

2. Журналист аз њуќуќњои дигаре њам истифода мебарад, ки тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ нашудаанд.

 

Моддаи 29. Ўњдадорињои журналист

1. Журналист ўњдадор аст:

— барномаи фаъолияти воситаи ахбори оммаро, ки бо вай муносибатњои мењнатї дорад, иҷро намояд, аз рўи оинномаи (низомномаи) редаксияи воситањои ахбори омма амал намояд;

— сањењияти ахбори гирифтаашро санљад;

— пеш аз нашр маводи сўњбати омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиќа намояд;

— хоњиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи  зикри муаллифиашон ќонеъ кунонад, ба шарте ки агар ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;

— иљрои супоришеро, ки сармуњаррир (муњаррир) ё редаксияи воситаи ахбори омма додааст, рад намояд, ба шарте, ки он мухолифи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бошад;

— њуќуќу озодињо, манфиатњои  ќонунии  шањрванд ва инсон, њуќуќ ва манфиати ќонунии ташкилотњоро эњтиром кунад;

— шањодатнома ва ё дигар њуљљате, ки мансубияти ўро ба воситаи ахбори омма тасдиќ менамояд, пешнињод кунад.

2. Журналист  ўњдадор аст, ки  воситањои ахбори оммаро бо маќсади   дахолат кардан ба њаёти шахсї, дидаву дониста нашр кардани хабару маводњои бардурўѓ, маълумотњои тўњмату тањќиромез, ки шаъну шараф, эътибори кории шањрвандон ва шахсони њуќуќиро паст мезананд, истифода набарад.

3. Журналист дигар ўњдадорињоеро, ки Ќонуни мазкур пешбинї намудааст, бояд иљро намояд.

 

Моддаи 30. Аккредитатсияи намояндагони (ё журналистони)

                     воситаҳои ахбори омма

1. Воситањои ахбори омма дар мувофиќа бо маќомоти давлатӣ, иттињодияњои љамъиятї, корхонањо, муассисањо ва дигар ташкилотњо метавонанд журналистони худро дар ин маќомоти давлатї ва ташкилотњо њамчун журналисти ваколатдор аккредитатсия намоянд.

2. Журналисти ваколатдор њуќуќ дорад дар маљлисњо ва дигар чорабинињои ин маќомоти давлатї ва ташкилотњо иштирок намояд, тибќи тартиби муќарраркардаи њамон маќомоти давлатї ва ташкилот бо стенограмма, протокол ва њуљљатњои дигар шинос шавад ва дар мавриди зарурї нусхабардорї намояд.

3. Воситањои ахбори омма бо иљозати маќомоти ваколатдори давлатї метавонанд дар мамлакатњои хориљї хабарнигорони худро дошта бошанд.

 

БОБИ 5. ЊАМКОРИЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ

                                      ВОСИТАЊОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 31. Њамкорињои байналмилалї

Њамкории байналмилалии воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тоҷикистон тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф намудааст, инчунин дар асоси шартномањои ба имзо расондаи воситањои ахбори омма, амалї карда мешавад.

 

Моддаи 32. Фаъолияти воситањои ахбори оммаи хориљї дар  

 Љумњурии Тољикистон

1. Воситањои ахбори оммаи хориљї њуќуќ доранд дар Љумњурии Тољикистон фаъолият намоянд. Ин фаъолият бо роњи кушодани намояндагињо ва ё аккредитатсияи журналистон дар Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

2. Намояндагињои воситањои ахбори оммаи хориљї, инчунин агентињои иттилоотии байналмилалї дар Љумњурии Тољикистон тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бо розигии Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон таъсис дода мешаванд.

3. Хабарнигорони хориљиро Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон тибќи тартиботи муќарраргардида аккредитатсия менамояд ва аккредитатсияашонро бекор мекунад.

 

БОБИ 6. МУЌАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ

 

Моддаи 33. Ҷавобгарї барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воќеї ва њуќуќї барои риоя накардани ќонуни мазкур мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.

 

Моддаи 34. Њолатњои озод кардан аз ҷавобгарї

Сармуњаррир (муњаррир) ва њамчунин журналист барои дар воситањои ахбори омма пањн кардани маълумоте, ки ба воќеият мувофиќат намекунад, дар чунин њолатњо аз љавобгарї озод карда мешаванд:

— агар ин маълумот дар ахбори расмї мављуд бошад;

— агар ин маълумот аз агентии иттилоотї ё умури матбуоти маќомоти давлатї, ташкилотњои љамъиятї, њизбњои сиёсї ва дигар ташкилотњо гирифта шуда бошад;

— агар он дар нутќњои муаллиф, ки мустаќиман ба мављ мераванд ё дар матнњое бошад, ки мувофиќи Ќонуни мазкур набояд тањрир шаванд.

 

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соќит донистани Ќонуни                                                 Љумњурии Тољикистон «Дар бораи матбуот ва дигар                                    воситањои ахбори омма» 

Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 14 декабри соли 1990 «Дар бораи матбуот ва дигар воситањои ахбори омма» (Ведомостњои Совети Олии РСС Тољикистон, с. 1990, №24, мод. 421; с. 1992, №10, мод. 144; с. 1992, №11,   мод. 175; Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, с. 1996, №3, мод. 48; с. 1997, №23-24, мод. 333; с. 1999, №12 мод. 335; с. 2002, №4 ќ. 1,  мод. 269) аз эътибор соќит дониста шавад.

 

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал ќарор додани Ќонуни мазкур

Ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти  

Ҷумҳурии Тоҷикистон