ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991, №15, мод.266)

 

Норавоии паст задани шаъну зътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун Сардори Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад:

 

Моддаи 1. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ бо ҷарима то се ҳазор сум ё корҳои ислоҳотӣ ба мӯҳлати то ду сол ё аз озоди маҳрум кардан ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Ҳамин амалҳо, ки бо истифодаи матбуот ё дигар воситаҳои ахбори омма содир шудаанд, бо корҳои ислоҳотӣ ба мӯҳлати то ду сол ё аз озодӣ маҳрум кардан ба мӯҳлати то 6 сол ҷазо дода мешавад.

 

Моддаи 2. Воситаи ахбори оммавие, ки материали таҳқиркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё тӯҳматангезро ба унвони ӯ чоп кардааст, мувофиқи қарори суд то бисту панҷ ҳазор сум ҷарима андохта мешавад.

Фаъолияти воситаи ахбори оммавие, ки такроран материалҳои таҳқиркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳматангезро нисбати ӯ паҳн мекунад, мувофиқи қарори суд қатъ шуданаш мумкин аст.

 

 

         Презнденти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                         Қ. МАҲКАМОВ

29 июни соли 1991  шаҳри Душанбе

         № 364

 

 

 

ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар бораи тартиби истифода ва амалӣ гардондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991, №15, мод.267)

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

I. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз лаҳзаи нашр шуданаш амалӣ гардонида шавад.

2. Шарҳ дода шавад, ки таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дидаю дониста беадабона паст задани шаъну эътибори ӯ мебошад.

Паҳн кардани овозаҳои бараъло дурӯғ, ки ӯро бадном мекунанд, тӯҳмат дар ҳаққи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Баромадҳои оммавии танқидомез нисбати фаъолияти Сардори Ҷумҳурии Тоҷикистон  — Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нисбати сиёсате, ки таҳти роҳбарии ӯ гузаронида мешавад, таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор намегирад.

3. Муқаррар карда шавад, ки тафтиши пешакӣ аз рӯи делоҳои пешбинӣ кардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи муфаттишони органҳои прокуратура мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои ҷиноятию процессуалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегирад.

4. Воситаҳои ахбори омма ё ҷузъҳои онҳо (барномаҳои радио, телевизион ва ғайра), ки материалҳои таҳқиркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё ба унвони ӯ хабарҳои тӯҳматомез чоп кардаанд, метавонанд, баъди қонунӣ гардидани ҳукми  айбдоркунии суд нисбати шах­си (шахсони) мушаххас, ки ба таҳқири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё тӯҳмат нисбати ӯ роҳ додааст, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                               Қ. АСЛОНОВ

29 июни соли 1991  шаҳри Душанбе

           № 365