Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма


Бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши
воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию
сиёсӣ
ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ф а р м о н
м е д и ҳ а м:
1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки ба ҳамкории созанда ва самаранок бо
вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
оид ба инъикоси ҷараёни дигаргунсозиҳои
иҷтимоию иқтисодӣ
дар мамлакат равона гардидааст, дастгирӣ карда шавад.
2. Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатӣ:
- ҷиҳати вокуниш ба
мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма
иброз мегарданд, дар мӯҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои
бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи
баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори
оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд;
- имконияти телевизион, радио, рӯзнома ва маҷаллаҳоро барои сари вақт
хабардор намудани аҳолӣ аз ҷараёни
иҷрои масъалаҳои дорои
аҳамияти ҷамъиятӣ
пурратар истифода баранд.
3. Роҳбарони воситаҳои ахбори омма:
- таъмини воқеият ва таъсирбахшии маводҳои танқидӣ ва таҳлилиро вазифаи асосии
фаъолияти хеш ҳисобанд;
- дар барномаҳои радио ва телевизион, саҳифаҳои рӯзнома
ва маҷаллаҳо, инъикоси
саривақтии натиҷаҳои
вокунишро ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилӣ
таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои
Фармони мазкур ба зиммаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон

ш.
Душанбе

07
феврали соли 2009

№622